
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов аз музофоти федеролии Тюрингия боздиди корӣ анҷом дод. Дар доираи сафари худ Сафир бо Сарвазири музофоти федеролӣ Бодо Рамелов мулоқот кард.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, зимни мулоқот тақвияти равобити минбаъда миёни Тоҷикистон ва Тюрингия, бахусус дар бахшҳои иқтисод ва маориф баррасӣ шуд.
Дар идомаи боздид Сафири Тоҷикистонро шаҳрдори Эрфурт (пойтахти Тюрингия) Андреас Баузевайн ба ҳузур пазируфт. Баъд аз гузоштани соядаст дар китоби меҳмонони фахрӣ Сафир ва шаҳрдори Эрфурт роҷеъ ба ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор анҷом доданд.
Ҳамзамон, мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомуддин Сатторов бо мудири иҷроияи Агентии давлатии рушди Тюрингия (LEG Thüringen) Андреас Крей баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ имкониятҳои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла ҷалби сармояи олмонӣ ва танзими чорабиниҳои муштараки тиҷоратӣ дар марҳилаҳои баъдӣ баррасӣ шуданд.