Додугирифти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2022 674,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қаблӣ 11,3 фоиз зиёд мебошад.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии омори Узбекистон содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар 154.5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 49.1% зиёд аст.
Воридоти мол аз Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра бо рушди 3.5% нисбат ба соли 2021 ба 519.9 миллион доллар расидааст.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Узбекистон барои тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва иқтисодӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Тоҷикистон асосан барқ, семент ва нахи пунбаро ба Узбекистон содирот ва гази табиӣ, дорӯҳои менералӣ,фаровардаҳои нафтӣ, лавозими хонагӣ ва ғайраро ворид мекунад.