Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов доираи сафари кории худ ба музофоти федеролии Саар (Saarland) аз Донишгоҳи Саарланд (Universität des Saarlandes), ки дар пойтахти музофот шаҳри Заарбрюккен воқеъ аст, дидан кард.
Тавре ки радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад, дар сӯҳбат бо роҳбарияти Донишгоҳи Саарланд таҳкими равобити байнидонишгоҳӣ бо кишвари мо ва имконияти таҳсили шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар ин донишгоҳ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, дипломати тоҷикистонӣ аз фаъолияти Маркази тадқиқотии Олмон оид ба зеҳни сунъӣ (Deutsche Forschungszentrum für Künstliche Intelligenz) шиносоӣ пайдо намуд.
Дар ин робита, таваҷҷуҳи ҷониби олмонӣ ба қабули Стратегияи рушди зеҳнӣ то давраи соли 2040 дар Тоҷикистон, ҳамчунин фаъолияти марказҳои таҳияи барнома ва кор дар самти зеҳни сунъӣ, аз ҷумла нахустин озмоишгоҳи таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ — “TajRupt” ҷалб гардид