Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григориев Семён Вячеславович мулоқот намуд. Дар он ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар мулоқот қайд гардид, ки бо дарназардошти шароитҳои агроиқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи бозори Россия ба маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан ба анвои меваи хушк, ангур ва пиёзи барвақтӣ зиёд буда, дар раванд ҷонибҳо метавонанд барои ҳавасмандии соҳибкорону кишоварзони тарафайн ҳарчи бештар ҳамкориҳоро байни ҳамдигар ба роҳ монда, содироти маҳсулотро ҷорӣ намоянд.
Тарафҳо ташрифи қарибулвуқуи Сарвазири Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои сарҷамъ намудани доираҳои соҳибкории соҳаи кишоварзӣ заминаи мусоид шуморида, ташкили намудани мулоқотҳо барои дарёфти шарикони боэътимод афзал шумориданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо мақсади муайян намудани дурнамои ҳамкориҳои минбаъда ба имзо расонидаи «Харитаи роҳ доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия»-ро ҷонибҳо амалӣ намоянд.