Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск гардид, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи наврасони Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Русия бо ҳисоби калон- 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро ба дарвозаи ҳариф Абубакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров заданд.
Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт «Ҷоми рушд-2023»-ро ҷамъбаст карда, бозиро бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ намуда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.