Дирӯз, 21 феврал аввалин бозии дӯстона миёни дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистону Сурия баргузор гардид.
Мулоқот бо ғалабаи суриягиҳо бо ҳисоби 1: 0 анҷом ёфт. Голро Муҳаммад Асад вориди дарвозаи дастаи мо гардонд.
Пеш аз бозӣ бозингарони ҳар ду даста барои онҳое, ки бар асари тармафароӣ дар Бадахшон фавтиданд як лаҳзаи хомӯширо риоя карданд.



