Бо мақсади тезонидани раванди корҳо дар робита ба наворбардории филми пурмазмуни таърихии “Дурахши ахтарон. Ҷомӣ ва Навоӣ”, аз 20-ум то 24-уми феврали соли 2023, гурӯҳи кории Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳайати муовини директор Соҳибзода Маҳмадкарим, раиси Итифоқи синамогарони Тоҷикистон, ҳаммуаллифи филмнома Сафар Ҳақдодов ва коргардон Файзулло Файзов ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сафари корӣ фиристода шуданд. Дар ин бора аз ин ниҳод иттилоъ доданд.
Зикр шуд, ки сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳри Тошканд доир ба пурра омода намудани филмнома ва нақшаи чорабиниҳо дар соли 2023 дар робита ба таҳия ва наворбардории филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон. Ҷомӣ ва Навоӣ” мебошад.
Давоми ҳафтаи охир 5 маротиба мулоқоти маҷозии роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, киноконсерни “Ӯзбекфилм” доир гардида, масъалаҳои омода намудани филмномаи коргардонӣ, харҷнома ва нақшаи чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Амалисозии ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳияи филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои синамоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Муҳтавои филмномаи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” 50 соли зиндагӣ, фаъолияти адабӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва дӯстии ду нобиғаи асри XV Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, воқеъаҳову ҳодисаҳои мурракабу таърихсози дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ба амаломадаро инъикос менамояд.
Таҳия ва наворбардории филми муштараки бадеӣ-таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” як барномаи ниҳоят бузург ва мураккаб аст, ки аз синамогарони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъулият ва касбияти баландро тақозо мекунад.
Бештари саҳнаҳои филм дар иншооти таърихии он замона, ки дар ҳудуди ҷуғрофии имрӯзаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дар Самарқанд, Бухоро, Шаҳрисабз, Тошканд маҳфуз мондаанд, павилионҳои филмбардории “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм”, инчунин дар Қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, оромгоҳи Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Кохи Наврӯз, табиати зебои Тоҷикистон ба навор гирифта мешаванд.



