Дирӯз, 21 феврал, дар Институти забон ва адабиëти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Вазъи забонҳои бумии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол» доир гардид. Дар ин бора аз Институти мазкур хабар доданд.
Маҳфилро директори Институт, доктори илми филология, профессор Фарангис Шарифзода бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуд. Сипас, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Маҳмадҷонзода дар бораи ҳифзи забонҳои муқими Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ибрози назар кард.
Ҳозирин маърузаву суханрониҳои илмии арзишмандро дар атрофи масоили гуногуни забонҳои бумии кишвар ироа карданд, аз ҷумла Сайфиддин Назарзода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиëт дар мавзуи «Масъалаҳои тағйири алифбо дар Тоҷикистон: аз арабиасос ба лотинӣ», Н. Офаридаев, профессор, сарходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови АМИТ оид ба «Масъалаҳои муносибати забонӣ (дар мисоли забонҳои Тоҷикистон), Б. Бобохонов, ходими калони илмии шуъбаи забонҳои бостон ва ориёӣ оид ба «Таърихи баъзе калимаҳои хешовандии забони тоҷикӣ», А. Мирбобоев, мудири шуъбаи забонҳои бостон ва ориëӣ доир ба «Забонҳои бумии Тоҷикистон дар атласи ЮНЕСКО, Б. Тӯраев, ходими пешбари илмии шуъбаи забони тоҷикӣ оид ба «Гузаштаи як қавми бумӣ ва таърихи як забони нодир» ва Аманда Проос, магистри соли аввали шуъбаи забони тоҷикӣ дар мавзуи «Таҳқиқи гиëҳвожаҳо дар заминаи маводи забони яғнобӣ» суханронӣ намуданд.
Дар қисми музокира ҳозирин барои ҳифзу нигаҳдошти забонҳои нодиру бумии кишварамон аз қабили яғнобӣ, язгуломӣ ва забонҳои бадахшонӣ пешниҳодҳои ҷолибу тоза ироа намуданд.