7-9 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 13 варзишгар муаррифӣ мекунанд, хабар дод Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз байни наврасон 7 варзишгар ва аз байни ҷавонон 6 варзишгарро ба Алмаато мефиристад.
Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн байни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн — духтарон) ва 14 вазн байни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн — духтарон) баргузор мешавад. Варзишгарони мо танҳо миёни писарон рақобат мекунанд.