
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “9-умин Муколамаи Берлин оид ба гузариши энергетикӣ” иштирок намуд. Дар ин ҳамоиш вазирон, ҳайатҳои сатҳи баланди беш аз 90 кишвари ҷаҳон, намояндагони бахши соҳибкорӣ, ширкатҳои бонуфузи истеҳсолкунандаи нерӯи барқ аз манбаъҳои тозаи экологӣ ва нерӯи таҷдидпазир, ҳамчунин муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ва ҳудуди 2000 иштироккунанда таҳти шиори “Гузариши энергетикӣ — таъмини ояндаи сабз” дар шаҳри Берлин ба ҳам ҷамъ омаданд.
Бино ба иттилои Сафорати умҳурии Тоҷикистон дар Олмон, ҳайати кишварро дар конфронс Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов намояндагӣ намуд. Давоми ду рӯз ҳайатҳо дар атрофи стратегияҳои табдили оқилонаи системаҳои энергетикии ҷаҳонӣ ба бетарафии иқлим, гузариш ба нерӯи сабз ва пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим мулоқот карданд.
Дар доираи Муколамаи Берлин вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои мухталиф ва оҷонсиву ширкатҳои фаъолияташон ба самти нерӯи таҷдидпазир равонагардида, доир шуданд. Имомуддин Сатторов таваҷҷуҳи ҳамсӯҳбатонро ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо, ҳамчунин Конфронси таърихии оби СММ-2023 дар Ню-Йорк бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб кард.
Бо назардошти иқтидори солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд кВт/ст ва захираи нерӯи офтобӣ ҳудуди 25 млрд.киловат/соат, шарикони эҳтимолӣ ва ширкатҳои бонуфуз барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар ин бахшҳо даъват гардиданд.