Имрӯз 31 март дар бинои Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши нусхаҳои нодири хаттии Маркази мероси хаттӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин бора мухбири радиои “Овози тоҷик” Шаҳнози Муҳиддин хабар дод.
Дар чорабинии мазкур намунаҳои осори халқи тоҷик, ганҷинаи дастнависҳои шарқ ба номи Абдуғанӣ Мирзоев ба намоиш гузошта шуданд. Дар намоишгоҳ олимону муҳаққиқони соҳа ширкат варзиданд.
Намоиши нусхаҳои нодири хаттии Маркази мероси хаттӣ бори аввал аст, ки баргузор шуда истодааст.
Зикр шуд, ки осору андешаҳои гузаштагони мо аз тариқи ин гуна нусхаҳои хаттӣ ба дасти мо омада расидаанд. Бинобар ин ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии осори ниёгонамон метавонанд насли имрўз ва фардоро аз сайри таҳаввули андеша ва тамаддуни башарӣ огоҳ сохта, навъе аз худшиносии миллиро эҷод намоянд.