Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамзамон ҳамраиси тозатаъйини Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ масъалаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, раванди иҷрои қарордодҳои дар сатҳи олӣ бадастомада ва санадҳои дуҷониба, инчунин густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, нақлиётию транзитӣ ва дигар мавзуъҳо баррасӣ гардид.
Дар рафти мулоқот оид ба ташкили мулоқоти коршиносони ду мамлакат ва ҷалби ширкатҳои Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон табодули афкор анҷом дода шуд.