
«Ҷаҳони русии Осиё»- зери ин унвон дар шаҳри Душанбе конфронси II байналмилалии илмӣ-амалӣ оғоз шуд. Дар он устодони донишгоҳҳо, омӯзгорони мактабҳо, донишҷӯён ва аспирантҳо аз Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд. Дар ин бора сомонаи ДМТ хабар дод.
Ҳамоиши мазкур ба Соли забони русӣ дар кишварҳои ИДМ бахшида шудаааст. Ташаббускорони он Донишгоҳи федералии шимолу шарқии ба номи Аммосов ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мусоидати Маркази русии Бунёди «Русский мир», МАПРЯЛ, намояндагии Россотрудничество ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Русия мебошанд. Конфронс дар шакли гибридӣ баргузор шуд.