Варзишгари тоҷик бо нишони заррини Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон ба Душанбе баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе ӯро наздикону пайвандон, намояндагони соҳаи варзиши мамлакат ва дӯстдорони риштаи ҷудо гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод.
Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон 8-9 апрел дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Дар намояндаи Тоҷикистон Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100кг ба гирифтани медали тилло мушарраф гардид. Ҳамчунин дар мусобиқаи мазкур ҷудокорони тоҷик Лоиқ Қутбиддинов (-55кг), Ворис Назаров (-66кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг) ба гирифтани чаҳор медали биринҷӣ мушарраф гардида буданд.