Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати баландмақоми Федератсияи байналмилалии футболи ҷаҳонро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон истиқбол гирифтанд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин Ҷанни Инфантино бо раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир карда, масъалаҳои рушди футбол дар мамлакатро баррасӣ менамояд.
Президенти ФИФА ҳамчунин дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе иштирок хоҳад кард, ки зимни он маросими интихоби роҳбарияти CAFA барои давраи нави чор сола баргузор мегардад.