Доир ба лоиҳаи ба анҷом расонидани сохтмони иншооти НБО «Роғун» имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар оғоз шуд. Дар он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва дигар шарикони рушд ширкат доранд.
Чорабиниро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуда, оид ба иншооти НБО Роғун ва аҳамияти он барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ибрози андеша намуд.
«Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бузургтарин иншоот дар дарёи Вахш буда, дар 110 километр аз шаҳри Душанбе ва тақрибан 70 километр аз НБО Норак ҷойгир аст. НБО Роғун ба муддати дароз танзими оби дарёи Вахшро таъмин карда, истеҳсоли қувваи электрикиро мунтазам зиёд мекунад. Он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои дигар минтақаҳои Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад»-, зикр шуд дар идома.
Гуфта шуд, ки сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун дар Осиёи Марказӣ калонтарин буда, иқтидори лоиҳавии он ба 3600 МВт баробар мебошад. Он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.
Чорабинии мазкур ҷараён дошта, то 4 май идома мекунад.