Имрӯз, 2 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантиноро, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар оғози мулоқот Ҷанни Инфантиноро ба муносибати дубора ба вазифаи президенти ФИФА интихоб шуданаш табрик гуфта, аз саҳми ӯ дар рушди футболи ҷаҳон ёдовар шуданд.
Дар мулоқоти гарму дӯстона президентҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии футбол дурнамои ҳамкории минбаъда, рушди имрӯзу ояндаи футболи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд.
Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ба ПрезидентиФедератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар ҳама иқдоме, ки ба рушди футбол дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд, комёбиҳо таманно намуд.