
Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” ҷамъбаст мегардад. Маросими ҷоизасупории озмун пагоҳ, 4- уми майи соли 2023 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мешавам. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Фестивали мазкур бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев баргузор гардида, дар он 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштрок намуданд. Беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2021 – 2022 рӯи саҳна омадаанд, барои мухлисони санъати театрӣ ва қазовати ҳайати ҳакамон пешниҳод шуданд.