Дар доираи сафари кории Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода, ки барои иштирок дар ҷаласаи вазирон ва коршиносони сатҳи баланди давлатҳои G5 «Оид ба рушди соҳаи тандурустии ба КАТС асосёфта, бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои тавассути сарҳад интиқолёбанда» аз 6 то 10 майи соли равон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт бо роҳбарияти як қатор сохторҳои соҳавии ин кишвар, аз онҷумла, бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон Баҳром Эйнуллоҳӣ вохурӣ намуд. Дар ин бора ба радиои»Овози тоҷик» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд. Махсусан, ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо Холдинги истеҳсолии “Баркат” оид ба ҳуҷайраҳои дармонӣ баррасӣ гардид. Дар ин замина, пешниҳод карда шуд, ки вохуриҳо тавассути системаи телетиб ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон, дар асоси имтиёзҳои муайян омода намудани мутахассисони риштаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии тиббии шаҳри Теҳрон дар ҷараёни боздид ва вохуриҳои Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарияти Донишгоҳи улуми пизишки ва Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии шаҳри Теҳрон баррасӣ карда шуданд.
Рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарматсия ва таҷҳизоти тиббӣ, аз он ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи вохурии расмии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ширкати «Хиша фармасютикал Ко.» ва гузаронидани тадқиқотҳо барои истеҳсоли минбаъдаи маводҳои доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохурӣ бо Ассотсиатсияи тибби суннатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ширкати «Табобат бо гиёҳҳои шифобахш» пешниход карда шуд.
Дар ин замина, ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти суғуртаи тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба омӯзиш таҷриба барои ворид намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва гузаронидани вохуриҳо тавассути системаи телетиб дар вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Ташкилоти суғуртаи тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Муҳаммад Меҳди Насеҳи баррасӣ гардиданд.
Ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни сохторҳои алоқаманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва Беморхонаи маҷмаавии хоб-и ш.Теҳрон оид ба масъалаҳои хоби тиббӣ ва мушкилиҳои он, аз он ҷумла омода намудани мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарияти Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва Беморхонаи маҷмаавии хоб-и шаҳри Теҳрон мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дода шуданд.