Маросими ҳаҷ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гашта, то имрӯз ҳамаи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба ватан баргаштанд. Ин нуктаро раиси Кумитаи дин, танзими анана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабрнигорону рӯзноманигорон ирроа дошт. Дар ин бора Дилноза Сатториён, хабарнигори радиои “Овози тоҷик” хабар медиҳад.
“Кумита тибқи тартиб корҳои омодагиро ба мавсими ҳаҷ оғоз намуда, арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷи соли равонро 59 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Маросими ҳаҷ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гашта, то имрӯз ҳамаи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба ватан баргаштанд. Мутаассифона, дар ин сафар 4 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо марги табиӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ вафот карданд, ки мувофиқи тартиб онҳо дар ҳамон ҷо дафн шуданд.” Гуфт раиси Кумитаи мазкур.
Раиси кумита инчунин дар мавриди Қонуни танзими анана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлил ва ташхиси номгӯй адабиёти динӣ, наворҳои дар фита, варака, ва телефони мобилии дорои сабтҳои динидошта ба хабарниорон иттилоъ доданд.