Мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар сурат гирифт.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории иқтисодӣ, такмили фазои сармоягузорӣ, саҳми Фонд дар татбиқи лоиҳаҳои авлавиятноки кишвар, инчунин иштироки намояндагони ҷониби кувайтӣ дар Форуми байналмилалии “Душанбе–Инвест 2023” ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи дуҷонибро муҳокима намуданд.