Имрӯз дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров «Қадимтарин, қадим ва миёна» баргузор шуд. Дар кори он олимону донишмандон ва дигар доираи илму адаб иштирок намуданд. Ҳамоиши мазкурро директори КМТ ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти ин китоби ҷаҳонгир сухан гуфт. Дар суханронии худ ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иҷтимоӣ Насриддинзода Эмомалӣ доир ба тарҷума шудани китоби «Тоҷикон» бо чандин забони хориҷӣ , аз он ҷумла бо забони арабӣ яке аз гомҳои муҳимми доираи илму адаб дар муаррифӣ намудани тоҷикон дар арсаи ҷаҳон унвон намуд. Дар ин миён Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ суханронии худ аз раванди тарҷумаи китоб, ки беш аз ду сол тавассути адиби машҳури араб Иброҳим Истанбулӣ тарҷума шудааст, ёдовар шуда, талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тарҷумаи он шоистаи тақдир унвон кард. Назруллоҳ Назар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки муқаддимаи китоби мазкурро навиштааст, аз шакли тарҷума, интихоби тарҷумон ва вокуниши тарҷумон ба тарҷумаи китоб ва ҳамчунин муҳаббати Иброҳим Истанбулӣ нисбат ба тоҷикон суханронӣ намуд. Назруллоҳи Назар тарҷумаи ин китобро шиносномаи тоҷикон дар кишварҳои арабӣ унвон карда, нашри онро натиҷаи ташаббусҳои бепоёни Сарвари давлат номид. Дар ҳамоиши мазкур ҳамчунин адиби машҳури тоҷик Абдулҳамид Самад ва дигар иштирокдорони чорабинӣ суханронӣ намуда тарҷумаи китоби мазкурро дар остонаи таҷлили 115солагии солрӯзи таваллуди Аллома Бобоҷон Ғафуруф қобили таҳсину қадрдонӣ унвон карданд.