Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯъи » Муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба таъмини рушди устувори кишварҳо» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Зулфия Олимбек хабар медиҳад.
Дар оғози кори конфронс муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Абдураҳмонзода аҳли нишастро бо ширкат ва суханронии пурмӯҳтавояшон изҳори сипос карда ишора бар он кард , ки дар оянда ҳам дар чунин нишастҳо ширкат карда мавзӯъҳои муҳи диҳанд.
Ҳамчунин дар конфронс олимону мутахассисон, намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмӣ — тадқиқотӣ , муассисаҳои таълимии олии касбӣ ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конфронс мавзӯъҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, норасоиҳо дар нерӯи зеҳнӣ дар кишвар ва аҳмияти иҷтимои он бараси гардиданд.