Кумакҳои Тоҷикистон ба зарардидагони зилзила дар Афғонистон ба ш.Ҳирот расиданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба ВКХ кишвар хабар медиҳад.
Кумакҳои башардустонаи Тоҷикистон ба Комиссияи расонидани кумак ба зарардидагон супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 7 октябри соли равон дар ноҳияҳои шимолу ғарби Ҳироти Афғонистон ба амал омада, боиси ба ҳалокат расидани зиёда аз 2400 сокинони ин кишвари ҳамсоя гардид. Сипас бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони кумаки башардӯстона иборат аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ ба воситаи 130 мошини калонҳаҷми боркашон ба Афғонистон равон карда шуд.