
Фардо сешанбе, Иброҳими Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо як сафари расмии дурӯза вориди Тоҷикистон мешавад. Да ин бора радиои “Овози тоҷик” дар истинод ба хабаргузории “Форснюс” хабар медиҳад.
“Дар ин сафар мулоқоти дуҷониба бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъд аз он мулоқот бо доираи васеътар дар назар аст.”- омадааст дар гузориш
Бар асоси ин гузориш, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶумҳурииТоҷикистон эълом кардааст, ки рӯзҳои 8-9 ноябр дар Душанбе Форуми соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ сарони ду кишвар дар ҳошияи иҷлоси 78-умин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк мулоқоти дуҷониба анҷом дода, масъалаи осон кардани раводид ва афзоиши шумори парвозҳо миёни ду кишварро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин бар зарурати идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, ҳамлу нақл ва сайёҳӣ таъкид карданд.