7 –уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» байни бошгоҳҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Персеполис»-и Эрон баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Бозиро довари FIFA Муҳаммад Ал-Алӣ аз Кувайт ҳакамӣ кард.
Нахуст, ҳисоби бозиро дар ҷараёни вохӯрӣ меҳмонон кушоданд. Меҳдӣ Тороби дар дақиқаи 30-юми бозӣ аз зарбаи ҷаримавӣ тӯбро озодона вориди дарвозаи Рустам Ятимов намуд.
Дар қисми дуюми бозӣ футболбозони “Истиқлол” бо голи Сенан Себай дар дақиқаи 74-уми бозӣ натиҷаро баробар карданд. Ирсоли головарро Амадонӣ Камолов марбути номи хеш кард.
Ҳамин тавр, бозӣ мусовӣ анҷом ёфту, имкони аз гурӯҳ баромадани «Истиқлол» камтар гардид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аз тими «Персеполис» дар Теҳрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд. Дар ин бозӣ, ки 24-уми октябр дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон баргузор шуд, ҳарду голро ҳамлагар Саид Содиқӣ дар дақиқаҳои 44-ум ва 71-ум ба самар расонида буд.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо 9 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо 7 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. “Истиқлол” бо ду имтиёз дар зинаи сеюм ва “Ал-Дуҳайл” бо як имтиёз дар зинаи чаҳорум аст.