Имрӯз дар шаҳри Лондон барномаи илмӣ- фарҳангӣ зери унвони «Рӯдакӣ- падари шеъри форсӣ, дарӣ/тоҷикӣ» дар донишгоҳи SOAS аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Британия баргузор шуда, дар доираи ин барнома пардабардорӣ аз нимпайкпраи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ анҷом шуд. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд. Дар оғози барнома сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир — Тахмина Раҳмон ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, ду нафар аз профессорони донишгоҳи SOAS суханронӣ намуда, нимпайкараи Рӯдакиро дар ҷамъи меҳмонон рӯнамоӣ карданд.



