Имрӯз дар Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-байналмилалӣ зери унвони “Натиҷаҳои маҷмуии тадқиқоти бостоншиносӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид . Дар конфронси мазкур меҳмонон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Олмон, Италия, Амрико ва Русия ширкат варзида, дар мавзуъҳои таърихи бостоншиносӣ ва фарҳанги моддии Тоҷикистон маърӯзаҳо ироа карданд. Ҳадафи ташкили конфронси мазкур мубодилаи афкори олимони сатҳи ҷаҳонӣ нисбат ба таърих ва фарҳангӣ моддии Тоҷикистон мебошад. Дар ҷамбасти конфронс меҳмонон аз Осорхонаи Миллии бостонии Тоҷикистон ва Осорхонаи Миллии Тоҷикистон дидан намуданд.