Сахидод Раҳматуллоҳзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, «мухолифи омӯзиш ва тарвиҷи хатти форсӣ ва ё ҳар хатти дигаре набуда, дар кишвар омӯзиши ҳеҷ хат ё забон манъ нашудааст».
Ӯ дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш ба масъалаи дарсҳои хатти форсӣ дар мактабҳо ишора кард ва онро далели дуруст будани ин иддаояш арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳар касе, ки омӯзгор аст ва қасд дорад хатти форсӣ омӯзонад, ҳеч монеа барои ин кор вуҷуд надорад.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар ба масъалаи бозгашт ба хатти форсӣ ҳам ишора кард. Вай гуфт, «ин кор мушкилоти зиёдро ба дунбол дорад».
Ӯ иброз дошт, ки мардуми кишвар тамоюле зиёд ба омӯзиши хатти форсӣ, ки хатти ниёконашон аст, доранд.
Баҳсҳо барои бозгашт ба ин хат солҳост дар фазои фарҳангии Тоҷикистон мушоҳида мешавад ва гурӯҳе бозгашт ба онро мувофиқ ва роҳи аслии иртиботи мустақим бо гузаштаи тоҷикон медонанд ва гурӯҳе ҳам ба якборагӣ гузариш ба ин хатро дуруст намеҳисобанд.