Дар участкаи интихоботии №36-и ноҳияи Хуросон овоздиҳӣ бо иштироки фаъоли шаҳрвандон ҷараён дорад. Тибқи иттилои масъулони участка, раванди интихобот мутобиқи қонун ва бо риояи тамоми талаботи зарурӣ баргузор мешавад.
Омӯзгор Бобоҷонов Хуршед субҳи имрӯз ба участка омада овоз дод. «Интихобот як масъулияти шаҳрвандии мо ҳаст. Ман имрӯз бо умед овоз додам, ки вакилони интихобшуда барои пешрафти соҳаҳои маориф ва илму фарҳанг кушиш хоҳанд кард.»,-гуфта ба хабарнигори Радиои «Овози тоҷик».
Исоев Давлаталӣ бо аҳли оилааш ба участка омада овози худро дод.
«Барои ман муҳим аст, ки овози ман шунида шавад. Интихобот имкон медиҳад, ки намояндагони арзанда ба ҳайси вакил фаъолият кунанд ва манфиатҳои мардумро ҳимоя намоянд.»,-қайд кард ӯ.
Раиси участкаи интихоботии №36 иттилоъ дод, ки теъдоди умумии интихобкунандагон дар ин участка аллакай 14 фоиз, яъне 2862 нафар овоз додаанд.