Мактаби рақсии кӯдаконаи «Меҳрона»- и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фестивали байналмилалӣ, ки дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуд, дар баробари 40 кишвари ҷаҳон ширкат намуд.
Пас аз бозгашт дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кӯдакони ин мактаб аз сӯи алоқамандон ва волидайнашон гарм пазироӣ шуданд.
Пайравони ин мактаб кӯдакони аз 4+ сола то 16 ҳунари рақсро аз худ мекунанд.
Мактаби рақсии кӯдаконаи «Меҳрона»-и Кумитаи телевизион ва радио аз соли 2014 ба фаъолият шуррӯъ карда, дар ҳайати рақсии мактаби мазкур беш аз 40 нафар омӯзиш мегиранд. Мактаби мазкур дар фестивалу ҳамоишҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намудааст. Соли 2023 дар фестивали байналмилалии «Одарённые дети 2023!», ки дар Санкт-Петербург баргузор гардид, ширкат намуд ва сазовори ҷойи 3-юм гардид.