
Дар шаҳри Душанбе қарордоди қарзии нави ҳамкорӣ миёни Фонди рушди Саудӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи санади мазкур, барои татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавӣ дар шаҳри Кӯлоб 30 миллион доллар ҷудо мешавад. Санадро Султон Абдураҳмон Ал-Маршад, раиси иҷроияи Фонд ва Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон имзо карданд.
Ба иттилои расмӣ, дар доираи ин лоиҳа сохтмони роҳ бо ду пули нав дар шаҳри Кӯлоб дар назар аст. Мақсад — беҳтарсозии дастрасии нақлиётӣ, рушди логистикаи минтақавӣ, коҳиши хатари садамаҳо ва таъмини интиқоли зудтари бор тавассути масири Осиёи Марказӣ — Чин — Уқёнуси Ҳинд мебошад.
Фонди рушди Саудӣ аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар бахши инфрасохтор маҳсуб ёфта, қаблан низ як қатор тарҳҳоро дар самтҳои тандурустӣ, энергетика, таълим ва нақлиёт маблағгузорӣ кардааст.