
Мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ду ёдгории нави археологии буддистиро ошкор намудаанд. Ин ёдгориҳо ба асрҳои VII–VIII мансуб буда, дар доираи навсозии Реестри давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ муайян гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, ёдгориҳо дар анъанаи меъмории миллӣ бо боми куполшакл сохта шудаанд. Андозаи ёдгории аввал 3 ба 9 метр ва ёдгории дуввум 3 ба 6 метрро ташкил медиҳад. Таҳқиқоти ин ёдгориҳои таърихӣ ба ҳифзи мероси фарҳангии кишвар ва беҳтар фаҳмидани тамаддуни қадим дар минтақа кӯмак мерасонад.
Ҳамчунин корҳо барои инвентаризатсия ва омӯзиши муфассали ин ёдгориҳо идома доранд. Ин кашфиёт метавонад дар таҳкими маълумоти илмӣ ва таърихӣ дар бораи мавҷудияти буддизм ва таъсири он дар Осиёи Марказӣ саҳми арзанда дошта бошад.