Ҳаҷми гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 2025 ба 483,9 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид. Дар ин хусус 17 феврал зимни вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо Раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии шаҳри Теҳрон Маҳмуд Наҷафи Араб иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ намояндагони ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаи сохтмон ва дорусозии Тоҷикистон иштирок намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо оид ба ташкили миссияҳои соҳибкорӣ, иштироки фаъол дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкорӣ табодули назар карданд.
Зимни вохӯрӣ доир ба фазои сармоягузорӣ ва имконияти мавҷуда дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардида, соҳибкорони эронӣ даъват шуданд, ки дар намоишгоҳҳо ва форумҳои байналмилалие, ки соли 2026 дар Тоҷикистон доир карда мешаванд, иштирок намоянд.



