Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои сокинони мамлакат мерасонад, ки шуруъ аз 18 феврали соли равон маҳдудияти шабонаи интиқоли энергияи барқ пурра бекор карда шуд.
Тибқи хабари манбаъ, он минтақаҳое, ки қаблан ба онҳо 8 соат барқ интиқол дода мешуд, тибқи реҷаи нав, дар як шабонарӯз 16 соат — аз соати 15:00 то 08:00 бо энергияи барқ таъмин карда мешаванд.
Дар ин замина сокинони Тоҷикистон даъват карда мешаванд, ки барои нигоҳ доштани устувории низоми энергетикӣ неруи барқро самаранок ва сарфакорона истифода намоянд.
Инчунин гуфта мешавад, ки баробари зиёд шудани резиши об дар дарёи Вахш ва афзоиш ёфтани истеҳсоли энергияи барқ дар силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш сокинон бе маҳдудият бо барқ таъмин мегарданд.



