Моҳи октябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Корҳои омодагӣ ба ин чорабинии сатҳи баланд оғоз гардида, кумитаи тадорукот таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 12 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардида буд.
Дар ин ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон, Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон, Вазири корҳои хориҷии Покистон, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири Созмон ва роҳбарони як зумра созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2018 даҳ қарори Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмон ба имзо расиданд.
АМИТ «Ховар»



