Форуми сеюми марказҳои таҳлилӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея: аз муколама ба амалҳои муштарак»бар ба кори худ оғоз кард. Форуми байналмилалӣ давоми ду рӯз — аз 24 то 25 июн баргузор мешавад ва яке аз ташаббускорон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дар маросими ифтитоҳи форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Ӯ зикр кард, ки баргузории форум ҳамчун як майдони муҳим барои таҳкими муколамаи стратегӣ, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва табодули афкор миёни ҷомеаҳои коршиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея хизмат мекунад.
Дар кори форум роҳбарон ва намояндагони марказҳои пешрафтаи таҳлилӣ ва пажӯҳишӣ, коршиносон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва фондҳо, инчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, иштирок доранд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ амиқтар намудани муколамаи стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея мебошад.
Тавре таъкид гардид, форум на танҳо як минбари илмӣ барои мубодилаи афкор, балки механизми муассири муколамаи стратегии сиёсӣ низ ба шумор меравад, ки имкон медиҳад самтҳои калидии ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея муайян карда шаванд.
Барномаи форуми дурӯза аз чор ҷаласаи мавзӯӣ иборат аст. Дар ҷаласаи аввал иштирокчиён масъалаҳои тағйироти геосиёсии ҷаҳонӣ, дурнамои шарикии мутақобилан судманд, рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ ва таҳкими муколама оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Ҷаласаи дуюм ба ташкили шарикии иқтисодии мутақобилан судманд, таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва обиву экологӣ, инчунин рушди сайёҳии байниминтақавӣ ва экологӣ бахшида шудааст.
Дар маркази таваҷҷуҳи ҷаласаи сеюм масъалаҳои рақамикунонии иқтисод, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди иқтисоди «сабз» ва энергетикаи барқароршаванда, инчунин дастгирии соҳибкории хурду миёна қарор доранд.
Ҷаласаи чорум ба ҳамкориҳои гуманитарӣ бахшида шудааст. Иштирокчиён масъалаҳои рушди робитаҳои таълимӣ ва илмӣ-академӣ, тавсеаи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва муҳаққиқон, ҳамкориҳои фарҳангӣ, ташаббусҳои ҷавонон, сайёҳӣ, варзиш, санъат ва васоити ахбори оммаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея мусоидат намуда, инчунин барои таҳияи равишҳои нави амалӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд замина фароҳам оваранд.
Таҳмина Амонова,
Радиои «Овози тоҷик»



