
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик» ба кори худ оғоз намуд. Дар ҳамоиш намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон, аҳли илму фарҳанг ва меҳмонони хориҷӣ иштирок доранд. Зимни қисмати аввали конференсия иштирокчиён доир ба зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ, адабӣ ва фарҳангии Ҷӯрабек Назрӣ маърӯза намуда, саҳми ӯро дар рушди илм ва фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ карданд. Ҳамчунин дар доираи чорабинӣ намоиши китобҳо ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардида, аз осори адиб порчаҳо қироат ва сурудҳо дар асоси ашъори ӯ иҷро мегарданд.
Қарор аст баъд аз нисфирӯзӣ кори конференсия дар шакли ҷаласаи панелӣ идома ёфта, масъалаҳои марбут ба нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар пешрафти илм, адабиёт, санъат ва фарҳанги тоҷик мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Дилнозаи Абдумалик
радиои «Овози тоҷик”



