24 июни соли 2026 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия баргузор гардид. Ин рӯз тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст.
Радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» минбари тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
+9922274740; +992988814264
voiceoftajikistan@gmail.com
Чорабинии идона ва ҳамзамон мавзӯӣ ба ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаҳои густариши иштироки занон дар хизмати дипломатӣ, таҳкими баробарии гендерӣ ва пешбурди равиши фарогир дар муносибатҳои байналмилалӣ равона гардида буд.
Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон, сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинел, намояндагони ҳайати дипломатии дар кишвар аккредитатсияшуда, собиқадорон ва кормандони хизмати дипломатӣ, инчунин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳавӣ иштирок намуданд.
Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар Анҷумани тиҷоратии EBRD дар Лондон ширкат варзид
Сафири Тоҷикистон дар Олмон дар сафари шиносоӣ-иттилоотӣ ба Бавария бо Президенти федеролӣ иштирок намуд
Иштироки Саъдӣ Каримзода дар ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ
Тоҷикистону Фаронса роҳандозии мактаби синамонигорон дар соли 2023-ро баррасӣ намуданд