Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи Форуми ҳамкории «Корея – Осиёи Марказӣ» даври сеюми Форуми марказҳои таҳлилӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид.
Дар кори форум роҳбарон ва намояндагони марказҳои пешбари таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, ҷомеаи коршиносӣ, созмонҳо ва фондҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Имрӯз, 25-уми июн, қисми ҷамъбастӣ ва муҳокимаҳо дар сатҳи марказҳои таҳлилӣ оид ба самтҳои сиёсати давлатӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ таҳкими муколамаи стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея мебошад.
Дар анҷом гуфта шуд, ки моҳи сентябри соли 2026 форуми мазкур дар остонаи Саммити «Корея – Осиёи Марказӣ» бо иштироки сарони давлатҳо баргузор хоҳад шуд.
Нилуфари Нуриддин,
Радиои «Овози тоҷик»



