24 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба мубориза бо терроризм баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муқовимат ба терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, табодули таҷриба дар ин самтҳо, баланд бардоштани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.
Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба мубориза бо терроризм дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи таъсиси чунин гурӯҳ фаъолият мекунад. Ин созишнома 30 январи соли 2003 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.



