Рӯзи 30 июни соли 2026 дар шаҳри Вашингтон дар доираи ҷаласаи машваратҳои сиёсии дутарафа мизи мудаввари соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико (ШМА) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарони 17 ширкати бонуфузи амрикоӣ дар соҳаҳои саноат, зеҳни сунъӣ, дата сентрҳо, сармоягузорӣ, авиатсия, бонкдорӣ, тиҷорат, маориф, мудофиа ва хизматрасонӣ ва аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА Завқизода Завқӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Юсуфзода Фаррух ва муовини Вазири саноат ва технологияи нав Назарзода Азиз имкониятҳои сармоягузорӣ, саноатӣ, зеҳни сунъӣ ва дата сентрҳо, энергетикӣ, кишоварзӣ, сохтмонӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, ба саволҳои иштирокдорон посух доданд.
Қайд гардид, ки сарони ҳарду давлат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти ШМА муҳтарам Доналд Трамп дар вохӯрии 6 ноябри соли 2025 дар ш. Вашингтон густариши ҳамкориҳои иқтисодию саноатӣ ва сармоягузорию технологиро самтҳои афзалиятнок байни Тоҷикистон ва ШМА муайян кардаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳарчанд ШМА дар руйхати 5 сармоягузори пешсафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда бошад, дар соҳаҳои қайдгардида иқтидорҳои зиёди истифоданашудаи сармоягузорӣ дорад ва ба сармоягузорони ШМА фазои мусоиди сармоягузорӣ бо имтиёзҳои андозию гумрукӣ фароҳам овардааст.
Бинобар ин аз сармоягузорони амрикоӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки қайдгардида фаъолона иштирок намоянд.



