2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои пешсафи технологӣ ва коршиносон масъалаҳои табдили рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ то давраи соли 2030 баррасӣ намуданд.
Дар доираи форум тадқиқоти байналмилалии IDC White Paper «Tajikistan National ICT Development», ки дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, муаррифӣ гардида, масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи IT муҳокима шуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо ва татбиқи ташаббусҳои муштарак барои суръат бахшидан ба табдили рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудан.



