Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзи 10 ноябри соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати баррасии ҳамкориҳо ба вилояти Бухоро сафари корӣ анҷом дод.
Тавре ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар медиҳад, дар идомаи сафари корӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон А. Раҳмонзода бо мақсади таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи хориҷӣ бо директори Минтақаи озоди иқтисодии “Ғиждувони”-и в. Бухоро Отабек Казаков вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот Сафир аз имконятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ба ҳамсуҳбат маълумоти зарурӣ пешниҳод намуд. Дар ҷараёни суҳбат тарафҳо ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо миёни Минтақаи озоди иқтисодии “Ғиждувон” ва “Кӯлоб” ҳамчунин ташкил намудани сафари кории роҳбарияти МОИ “Ғиждувон” барои шиносоӣ аз фаъолият ва имкониятҳои МОИ “Кӯлоб” ба мувофиққа расиданд.
Ҳамчунин Сафир аз фаъолияти як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои гармхонаи “Buxara Varnet”, корхонаи дорусозии “Tibtexnika”, корхонаҳои бофандагии “BCT Cluster” ва “Buxara Agrocluster DZZ” шинос шуд.