Аз 10 то 20 майи соли равон дар Эрон сиючаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон баргузор мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони вижаи он интихоб шуд. Дар ин бора хабаргузории Тансим хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ 11 рӯз давом намуда, дар он иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, намоишгоҳест, ки ҳамасола дар моҳи май баргузор мешавад. Ин намоишгоҳ аз бузургтарин рӯйдодҳои фарҳангии Эрон ба шумор рафта, дар он ноширони китоб аз бисёр кишварҳои ҷаҳон ширкат мекунанд.