Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ширкати байналмилалии мисрӣ оид ба саноати дорусозӣ – EIPICO боздид ба амал овард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни боздид мулоқоти сафир бо раиси Шӯрои директорони EIPICO Аҳмад Килонӣ баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи саноати дорусозиро баррасӣ намуданд.