1 майи соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Шӯрои директорони ширкати ҳавоии Кувайт Эйрвейз Алӣ Муҳаммад ад-Духон мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар дод, зимни воҳурӣ ҷонибҳо масъалаи роҳандозии парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Кувайтро тариқи ин ширкат мавриди муҳокима қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин парвози ширкати ҳавоии Ҷазира Эйрвейз дар масири Кувайт -Душанбе 29 декабри 2022 бо муваффақият анҷом дода шуд. Парвозҳо дар масири Кувайт-Душанбе-Кувайт ҳар дар як ҳафта ду маротиба рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе парвоз намуда, тадриҷан он ҳамарӯза анҷом дода мешавад.