Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Юнон баррасӣ гардид

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Маскав хонум Екатерина Нассика мулоқот намуд. Да ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Руссия хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо дурнамои муносибатҳоро миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.

Миёни тарафҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистон ва Юнон иброз намуданд.