Иҷрои санадҳои судӣ дар самти ситонидани маблағ ба манфиати соҳибкорон-яке аз кафолатҳои ҷалби инвеститсионӣ дар кишвар

Бо ташаббуси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарики рушд намояндагони Барномаи “Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои ОМ” ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар меҳмонхонаи “Hilton”-и пойтахт мизи мудаввар таҳти унвони “Иҷрои санадҳои судӣ дар самти ситонидани маблағ ба манфиати соҳибкорон-яке аз кафолатҳои ҷалби инвеститсионӣ дар кишвар” доир гардид.

Тавре хабарнигори радиои “Овози тоҷик” аз рафти баргузории он иттилоъ дод, дар он Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ, муовини Сардори Раёсати бақайдгирии андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукусвти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозилов Шервон Арабович, Сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар коршиносони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинӣ масъалаҳои рушди қонунгузории истеҳсолоти иҷро-замина барои ҷалби сармоя: вазъи имрӯза ва дурнамо, тартиби бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ ва қатӣ гардидани фаъолияти соҳибкории соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, танзими ҳуқуқии иҷрои санадҳои судӣ дар кишвар, ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои марбут ба соҳа мавриди таҳлилу баррасии коршиносон қарор гирифтанд.

Чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ оғоз гардид. Номбурда қайд намуд, ки кормандони Хадамот дар давраи фаъолият ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил шуда, сифати иҷро санадҳои судӣ ва санадҳои дигари мақомоти давлатӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, фоизи иҷро назар ба солҳои пешин ба маротиб баланд бардошта шудааст.

Зикр гардид, ки дар давоми солҳои 2018, 2019, 2020 ва 11 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони хадамот бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ ба манфиати давлат зиёда аз 131 млн сомонӣ, ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ зиёда аз 429,2 млн сомонӣ, ба манфиати шахсони воқеӣ зиёда за 48 млн сомони рӯёнида шудааст.

Гуфта шуд, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, ки иҷроиши онҳо манфиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барқарор намуда, ба ҷалби сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам меоварад, ҷиҳати татбиқи тадбирҳои таъминотӣ чораҳои мушаххас андешида шавад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши мазкур барои дарёфти ҳалли мушкилиҳои соҳа ва рушди соҳибкорӣ замина гузошта, ба ҷалби инвеститсия дар кишвар такон хоҳад дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *