Дар Теҳрон ҳамоиш таҳти унвони “Чашмандози равобити Тоҷикистон ва Эрон” баргузор гардид

Ба муносибати 30-солагии истиқлоли равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон ҳамоиш таҳти унвони “Чашмандози равобити Тоҷикистон ва Эрон” доир гардид.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ба радиои “Овози тоҷик” иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур бо иштироки асъулони баландпояи мақомоти эронӣ, намояндагони ҳайатҳои дипломатии муқими Теҳрон, аҳли илму адаб ва фарҳанги эронӣ ва теъдоде аз ҳамватанонамон иштирок намуда, ташаббускори асосии он Сафрати Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) мебошад.

Дар конфронс зикр гардид, ки нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозии равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманди мутақобил бо Ҷумҳурии Исломии Эрон зиёд арзёбӣ мегардад.

Дар суханронии Сафир муколамаи созандаи сатҳи олӣ байни ду ҷониб аз мушаххасоти ин равобит дониста шуд, ки  заминаи мусоидро  барои тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун миёни Тоҷикистону Эрон фароҳам овардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи ин чорабинӣ асарҳои Пешвои миллат ба забонҳои тоҷикиву форсӣ, осори адибони тоҷик, ки дар тӯли 30 соли равобити ду кишвар ба забони форсӣ дар Эрон ба нашр расидаанд, ҳамчунин либосҳои миллӣ, маҳсулоти ҳунарҳои дастии тоҷикӣ ва аксҳои инъикоскунандаи зебоиҳои кишвари биҳиштосои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи вижаи ширкаткунандагони ҳамоиш қарор гирифтанд.